Дар бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсияи пойтахт баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, Ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ислоҳоти милитсия Валихон Ҳамдамзода, аъзои Шӯро ва сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии милитсияи пойтахт ширкат намуданд.
Ҳамидзода Бароталӣ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зимни суханронии худ таъкид намуд, ки мақсад аз татбиқи Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия, ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкории зичи милитсия бо шаҳрвандон ва дар ин замина таъмини назму тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Ин аст, ки сол то сол дар заминаи татбиқи барномаҳои мазкур эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия афзун гашта, бевосита худи шаҳрвандон дар раванди пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ширкат намуда, ба мақомоти милитсия кӯмаки амалии худро расонида истодаанд. Чуноне таъкид гардид, мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур низ баррасии камбудиву норасоиҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти кору фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ ҳамзамон боз ҳам наздиктар намудани мақомоти милитсия бо шаҳрвандон мебошад.
Дар ҷараёни вохӯрии мазкур Ҳамоҳангсози миллии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раванди ислоҳоти милитсия Валихон Ҳамдамзода суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе соли 2015 таъсис ёфтааст. Мақсад аз таъсиси он таъмини иштироки бевоситаи шаҳрвандон дар муҳокимаронии рафти ислоҳот дар сатҳҳои гуногун, расонидани таклифу пешниҳодҳо дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба инобат гирифтани ақидаҳои ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа, амалишавии назорати ҷамъиятӣ аз рафти ҷараёни ислоҳоти милитсия мебошад.
Таъкид гардид, ки то ин замон ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсияи пойтахт вазифа ва уҳдадориҳои худро дар сатҳи хуб иҷро намуда, пайваста вохӯриву мулоқоти судманд бо қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор намудаанд.
Дар қисмати охири ҷаласаи мазкур аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикргардида ва боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ҷомеа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Сироҷиддин Шукурӣ, капитани милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>