Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди амалишавии Барномаи ислоҳоти милитсия

335

7-уми феврали соли 2024 дар доираи ислоҳоти милитсия Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Дафтари САҲА дар Душанбе ҷаноби Юкка Туононен вохӯрӣ доир намуд.

336338

337Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва расонидани ёрии амалӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ба ҷаноби Юкка Туононен изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» як қатор тадбирҳои заруриро ба нақша гирифта, амалӣ намуда истодааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия аз ҷониби Дафтари САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-адад автомашинаи тамғаи «Дамас» барои Нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар манотиқи дурдасти кишвар, тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика