27-уми апрели соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои мутақобила бо намояндаи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон полковники милитсия Абдуллоева Умида Хазратовна - муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ - сардори Раёсат оид ба масъалаҳои занони ВКД Ҷумҳурии Узбекистон бо дастури роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ВКД ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон низ иштирок дошт. Намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитси Солиев К. Ҳ., сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Холмуродзода Д., раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Давлатшозода А.Ш., сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи гражданӣ подполковники милитсия Абдулаҳадзода А.А., дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи ВКД подполковники милитсия Нуриддинзода С. ва кормандони Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал - майори милитсия Солиев К.Ҳ., ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, аз дӯстӣ ва бародарии Тоҷикистону Узбекистон ибрози ақида намуд. Инчунин, қайд кард, ки Сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Дар воқеъ, дӯстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати сиёсати адабпарваронаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дӯстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабутарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар солҳои охир ҳамкории байни ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистону Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда такмил дода мешавад. Мавзуи асосии ҷаласаи машваратӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Узбекистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила иборат буд.
Сардори шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунии Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Холмуродзода Д., оид ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектони муқовимат ба зӯроварӣ, роҳҳои қонунии ҳимояи ҷабрдидагонии зӯроварии хонаводагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод. Ҳамзамон намояндаи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Узбекистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила ибрози ақида намуда, аз ҷумла, қайд намуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Узбекистон зиёда аз 400 нафар нозирон оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ҷузъу томҳои ВКД фаъолият мекунанд, ки ҳамаи нозирон корманд-занон мебошанд. Бо назардошти он, ки аксарияти ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила занон мебошанд дар Ҷумҳурии Узбекистон аз соли 2019 Қонун «Дар бораи ҳимояи занон» қабул гардид. Ҳамзамон хотиррасон намуд, ки айни замон дар Ҷумҳурии Узбекистон 29 марказҳои офиятбахшию барқарорсозӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила ташкил шудааст, ки онҳо пурра аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Бо мақсади кумаки равонӣ расонидан дар сохторҳои МКД Ҷумҳурии Узбекистон воҳидҳои кории нозир-психолог ташкил карда шудааст. Нозирон-психологҳо бо ҷабрдидагони зӯроварӣ кор карда ба онҳо кумаки равонӣ мерасонанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ ба мо маълум гардид, ки омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Узбекистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила мувофиқи мақсад мебошад.
Намояндаи ВКД Ҷумҳурии Узбекистон полковники милитсия Абдуллоева Умида Хазратовна, дар рафти суханронӣ оид ба фаъолияти занон-кормандони ВКД Ҷумҳурии Узбекистон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар пешбурди кори мақомоти корҳои дохилӣ маълумот дод.
Давлатшозода А.Ш. полковники милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>