Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Алмаато

Abdurahmon-A

10-уми сентябри соли 2022, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Алмаато аз Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дидан карда, бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳмон Аламшозода оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, корҳои азими бунёдкориву созандагии мамлакат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.

А.Аламшозода ҳамчунин кормандони Консулгарии генералиро бо ҷашни асосии кишвар – 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи созандагиву ободкорӣ, садоқат ба Ватан, инчунин гузоштани саҳми худ дар таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат баҳри шукуфоии Тоҷикистони азиз барору комёбиҳо таманно намуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика