Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Давлати Қатар

11

23 майи соли 2022 ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким ба шаҳри Давҳаи Давлати Қатар барои иштирок дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният «Милипол, Қатар - 2022» сафар намуданд.

Зимни сафар муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода С.Ҳ. бо муовини Вазири корҳои дохилӣ - мудири кулли ҷамъиятии Давлати Қатар генерал-майор Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар ва дар ин замина нақшаҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ карданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Вазорати корҳои дохилӣ рӯзҳои 24-26 майи соли равон дар Намоишгоҳи байналмилалии бехатарӣ ва амният «Милипол, Қатар - 2022», иштирок хоҳанд кард.
Дар ҳошияи Намоишгоҳ вохӯриҳои ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизоту технологияҳои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзу тартибот ва инчунин иштирок дар ҷаласаҳои тахассусӣ дар назар аст.
Гул Маҳбуба

22




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика