26-уми апрели соли 2022 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Мушовири корҳои дохилии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Чёмез баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт ибрози назар намуданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ карданд.
Манучеҳр Ҷамилов,
Муродалӣ Саидзода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>