14 феврали соли 2022 дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ мулоқоти муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо ҳайати расмии Созмони байналмилалии полиси ҷиноятӣ "Интерпол" таҳти роҳбарии ҷаноби Абдулазиз Убайдулло – сардори Раёсат оид ба корҳои глобалӣ ва дастгирии минтақавии "Интерпол" баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои васеи густариши ҳамкориҳо байни Бюрои миллии маркази "Интерпол"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиботи генералии "Интерпол" ва масъалаи дастгирии техникии он ҷониб дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мақомот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо вобаста ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар робита бо ҳаводиси Афғонистон ва ҳамчунин характери глобалӣ гирифтани ҷиноятҳои муташаккилона, роҳҳои муборизаи самаранок бо ин зуҳурот ва табодули иттилоот изҳори ақида намуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>