Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд

4O6A6320

Рӯзи 14 декабри соли 2021 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов бо гузоришгари вежаи СММ оид ба савдои одамон Сиобан Муллалӣ вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти пешгирии савдои одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани муқовимат ба савдои одамон мунтазам тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилии зарурӣ меандешад.
Дар ин радиф, бо мақсади ташкили муқовимат ба савдои одамон, ҳифз ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳо, соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул карда шудааст.
Ҳамзамон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №80 аз 1 марти соли 2019 «Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» тасдиқ гардид, ки ин иқдоми хайрхоҳона ва башардӯстона аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қонунгузории мамлакат нисбати шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Академияи ВКД курсҳои махсус ва курсҳои мунтазами такмили ихтисос ташкил ва ба роҳ монда шудаанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъда изҳори боварӣ намуданд.
4O6A6311
Гул Маҳбуба

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun771

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика