Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо намояндаи навтаъини Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна

Рӯзи 18-уми июни соли 2021 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким бо намояндаи Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна хонум Бербэл Энгерер, ки муҳлати фаъолияташ ба анҷом расид ва ҷойгузини ӯ Дитмар Эрфурт, ки минбаъд дар хадамоти мазкур фаъолият менамояд, мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ ба хонум Бербэл Энгер барои ҳамкориҳои судманд дар муддати фаъолият дар Хадамоти федеролии политсияи криминалии Олмон дар Осиёи Миёна изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон ба афсари навтаъини ин ниҳод Дитмар Эрфурт ҷиҳати фаъолияти натиҷабахш комёбӣ ва муваффақиятҳо таманно кард.
596597

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ҷамилов Манучеҳр




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика