Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохили бо намояндаи навтаъини Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой

553

13 апрели соли 2021 мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо намояндаи навтаъйини Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ху Тсзюнтан баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҷаноби Ху Тсзюнтанро ба муносибати таъйин гардидан ба ин вазифаи пурмасъул табрику таҳният гуфта, изҳори умед намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилаи ду Вазорат боз ҳам густариш ёфта, ба зинаи нави инкишоф мебарояд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ ҷанбаи васеи муносибатҳои дуҷониба, инчунин густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, мубодилаи маълумот ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

Дар анҷоми суҳбат Вазири корҳои дохилӣ ба ҷаноби Ху Тсзюнтан дар фаъолияти минбаъдааш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бурборӣ ва мувафаққият таманно намуд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика