Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд

742

Рӯзи 28-уми январи соли 2021 дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқоти муовини сардори Бюрои миллии маркази "Интерпол"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Назриев Шаҳриёр Ҷурабекович бо сардори Саридораи Бюрои миллии маркази "Интерпол"-и Арабистони Саудӣ генерал Саад ибни Халаф Ал-Дусарӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби саудӣ муовини Саридораи Бюрои миллии маркази "Интерпол"-и мазкур Абдулазиз Омирӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Д.Комилов ва масъули бахши консулии ҳамин Сафорат М.Икромов иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ як зумра масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

743745

Ҷонибҳо ҳавасамандии худро оид ба таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд дар доираи санадҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид карданд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика