Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ

507

Имрӯз (25.11.с.2020), Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо аъзоёни ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон бо роҳбарии Раиси Кумитаи мазкур генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳоро дар соҳаи таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

508509

Дар хотима ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкориҳои судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика