Рӯзи 12-уми марти соли 2020 вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Саидзода Маҳмадсаид Борон ба Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдории самимӣ намуд.
Қайд гардид, ки ин ҳамкориҳо аз муносибатҳои дӯстонаи Роҳбарони ҳарду давлат маншаъ гирифта, ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад.
Ҷаноби Муҳаммад Абдулазиз ал-Бодӣ дар навбати худ зикр кард, ки давлати Арабистони Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ин ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам бештар шаванд. Зеро мардуми Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам дӯсту бародар буда, чунин риштаи дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарор гирифтанд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Муродалӣ Саидзода
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>