Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон

 

409

Дирӯз, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар Тоҷикистон, сафир ҷаноби Валериу Кивер вохӯрӣ доир намуд. 

Вохӯрии мазкур дар доираи иҷрои Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 майи соли 2014 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Зимни суханронӣ роҳбари аввали Вазорати корҳои дохилӣ зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии милитсия ин барқарор намудани ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад, зеро наздик кардани милитсия бо аҳолӣ, афзоиши эътимоди шаҳрвандон нисбати мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи кормандони милитсия байни мардум, яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия ба шумор меравад.

410

Дар рафти ин вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвият ёфтани ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ таклифу пешниҳодҳои судмандро баён намуданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика