Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон

259

Рӯзи 24-уми октябри соли 2019 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъиншудаи фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар вохӯрӣ доир намуд.
Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Имрон Ҳайдарро ба ин мақоми баланд табрику муборакбод намуда, ба ӯ дар корҳои дипломатиаш бурдбориҳо таманно намуд.
Мақсад аз вохӯрии ҷонибҳо қавӣ намудани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, мусоидат намудани мақомотҳои дахлдор оид ба ҳамкориҳои ду давлати ба ҳам дӯст ва инчунин омӯзиши самтҳои кории кормандони мақомотҳои корҳои дохилии ду ҷониб, то ки дар ҳамбастагӣ тавонанд саривақт ҳамагуна ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир мегардад, пешгирӣ ва бартараф намоянд.

Аз ин вохӯрии судманд ҷонибҳо ба ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ намуда, бо тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ мулоқоти худро хотима бахшиданд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода, Манучеҳр Ҷамилов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun2

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика