Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба бо Давлати Қатар

4O6A7706

Рӯзи 14-уми октябри соли 2019 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар вохӯрӣ доир намуд.
Сараввал, Умарзода Икром Ислом меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷонибаи Роҳбарони ҳарду давлат дар арсаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст. Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари бо мо дӯст дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта, табодули назар карданд.
Ҳамзамон намояндагони Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар аз фаъолияти Маркази низоми худидоракунӣ дар соҳаи нақлиёт “Шаҳри бехатар” дидан намуданд.
4O6A77854O6A7803

Абдулмуъмин Зайниддинзода, Муродалӣ Саидзода.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика