Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ҳиндустон

221

Рӯзи 28-уми августи соли 2019 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вирадж Синх вохӯрӣ доир намуд.
Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳои байни ду кишвар бо саъю кӯшишҳои дуҷонибаи Роҳбарони ҳарду давлат дар арсаи ҳамкориҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн рӯ ба густариш ниҳодааст. Умедворем, ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишвари бо мо дӯст дар оянда боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.

222

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масоили мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта, табодули назар карданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум анҷом ёфт.
Абдулмуъмин ЗАЙНИДДИНЗОДА,
Муродалӣ Саидзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика