Рӯзи 20-уми августи соли 2019 дар доираи ҳамкориҳо байни мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳайати намояндагони Олмон таҳти роҳбарии ҷаноби Волфганг Хаммер – сардори шуъбаи баргардонидани шахсон оид ба Аврупо ва Осиёи Вазорати федеролии корҳои дохилии Олмон ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон Елена Ланге-Братанова, Петер Шмидт ва Кнут Штайнхойзер иштирок доштанд.
Дар гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Аслиддин Давлаталӣ, сардори шуъбаи байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Наврӯз, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Толибҷон Ҳалимович ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо лоиҳаи Тавоқуфномаро байни Вазорати федеролии корҳои дохилӣ, сохтмон ва тараққиёти маҷмааи кишвари Олмон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозпасгардонӣ (реадмиссия) баррасӣ намуданд.
Вобаста ба мавзӯи мазкур тарафҳо ба мувофиқа омада, изҳор намуданд, ки баъди омӯзиши навбатӣ лоиҳаи Тавоқуфнома дар ҳарду кишвар бори дигар баррасӣ гардида, барои барасмият даровардан ба сохторҳои лозима пешниҳод карда мешавад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмонро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>