Рӯзи 1-уми августи соли 2019 дар Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич бо намояндагони Конгресси Иёлоти Мутаҳидаи Америка Томас Гоффус, Мария Макнамара, Марк Морхаус ва Эрик Трагер баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз ҷониби Тоҷикистон сардори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус, генерал-майори милитсия Муҳаммадзода Хуршед Изатулло, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо имконияти вусъат додани ҳамкориҳо ва расонидани кӯмаки техникиро дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин оид ба натиҷаҳои татбиқи барномаҳои ҳамкорӣ ва самаранокии онҳо дар таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ табодули афкор сурат гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>