Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумаки техникии Япония ба ВКД дар доираи ҳамкориҳо

144

Рӯзи 10-уми июни соли 2019 дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ маросими қабули автомашинаҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла техникаҳои наву замонавӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Япония доир гардид, ки дар он Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҷопон дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока ва сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуданд.

Дар умум, дар доираи «Барномаи рушди иқтисодию ҷамъиятӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Япония ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 30 адад мошини патрулии тамғаи «Лэнд-Крузер Прадо», 2 адад «Лэнд Крузер 200», 2 микроавтобуси тамғаи «Тойота Хайс» ва дигар таҷҳизоти техникӣ ҳамчун кумаки бебозгашт расонида шуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иброз намуд, ки таҷҳизоти мазкур баҳри пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир, ба монанди терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон, инчунин барои мустаҳкам намудани базаи техникӣ зарур мебошад.
Нақлиёти техникии Япония яке аз беҳтарин техникаҳое ба шумор меравад, ки дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат ҷойи аввалро соҳиб гардидааст. Ин гуна техникаҳо барои мо дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи сарҳад беҳтарин кумак ба ҳисоб меравад, - афзуд Вазири корҳои дохилӣ ва илова намуд, ки - имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҷумҳурии Япония дар сатҳи ниҳоят баланд қарор дорад.

382383

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Япония дар Тоҷикистон Хаджимэ Китаока дар навбати худ иброз намуд, ки мо бояд бо терроризм дар якҷоягӣ мубориза барем ва дарк кунем, ки ин мубориза аз ҷангҳои анъанавӣ байни кишварҳои мухолиф комилан фарқ мекунад. Мо бояд ба андозаи кофӣ зирак бошем, то терроризмро пешгирӣ кунем ва онро таҳқиқ намуда, алайҳи он мубориза барем. Танҳо бо мутахассисони муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосиртарин метавон ин вазифаи душворро иҷро намуд.
Дар охир Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миннатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония расонид.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика