Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду густариш ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин

250

Рӯзи 20-уми майи соли 2019, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Директори генералии Маркази байналмилалии Чин барои мубодилаи иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати ин кишвар ҷаноби Ян Дун вохӯрӣ доир намуд.

Нахуст Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаноби Ян Дун ва ҳайати меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки Чин яке аз шарикони асосии стратегӣ буда, мо аз робитаҳои дуҷониба, аз он ҷумла дар сатҳи баланд, изҳори қаноатмандӣ менамоем.
Сол аз сол ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба рушду густариш ёфта истодаанд.
Боиси хушнудист, ки айни замон мо бо яке аз бузургтарин ширкатҳои чинӣ Хайтера (Hytera) оид ба дастрас намудани таҷҳизотҳои алоқаи радиоӣ ҳамкорӣ менамоем.

251252

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳким бахшидани заминаҳои моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ табодули афкор намуда, як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика