Рӯзи 16-уми майи соли 2019 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Котиби генералӣ оид ба сиёсати умумии амният ва мудофиа, эътино ба ҳолатҳои буҳронии хадамоти Аврупоии робитаҳои беруна, ҷаноби Педро Серрано баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Педро Серраноро ба кишвари офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминони комил изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза самарабахш буда, қадами устуворе дар ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.
Зикр гардид, ки Конвенсияи Аврупоӣ оид ба пешгирии терроризм, ки соли 1977 дар Страсбург ба имзо расидааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар доираи он ҳамаи масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>