Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Воронков Владимир

244


Рӯзи 16-уми майи соли 2019 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Раёсати зиддитеррористии СММ ҷаноби Воронков Владимир Иванович, ки барои иштирок дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил” ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии ҳамаи Конвенсияҳои СММ ва созишномаҳои байналмилалӣ оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ буда, яке аз шарикони муҳими СММ дар мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона ва шакли нав гирифтани фаъолияти гуруҳҳои террористиро баррасӣ намуда, изҳор доштанд, ки барои аз байн бурдани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ бояд ҷаҳду талош намуд.

245246

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва экстремизмро маҳкум карда, ҷонибдори ҷомеаи сулҳомез дар саросари дунё мебошад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика