Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой

232

Имрӯз (10.05.с.2019), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии сардори Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСу ҷаноби Сун Тзсаню вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Сун Тзсанюро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти ТзсянСуи Ҷумҳурии Халқии Хитой дар доираи Созишномаи баимзорасида оид ба ҳамкорӣ байни ду мақомоти мазкур, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

233234

Дар рафти вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани робитаи дуҷониба дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кӯмаки техникию коммуникатсионӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор сурат гирифт.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдилӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика