Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш бо Ҷумҳурии Халқии Хитой

221

Рӯзи 16-уми апрели соли 2019 дар толори хурди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид.
Нахуст Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Чэн Гопинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки боварии комил дорам, Шумо бо таҷрибаи ғании худ дар мубориза бар зидди терроризм саҳми худро дар кори муштарак ба муқобили хатару таҳдидҳои замони муосир мегузоред.
Зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.

222223

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба, иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Чэн Гопин зикр кард, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти номатлуб қарор дорад ва ҷониби Хитой дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ намуда, кӯмаки худро хоҳад расонид.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика