Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлате бо қоидаҳои аҷиб

Аҷиб он аст, ки ҳар як марди маҳаллии араб дар АМА ба замми ҳамаи ин боз ҳар моҳ 2 ҳазор доллар аз давлати худ кӯмакпулӣ мегирад. Дар АМА ба мардони маҳаллӣ тибқи қонун иҷозат дода шудааст, ки дар як вақт бо чор зан зиндагӣ намоянд. Аммо, ишқварзӣ дар ин кишвар манъ карда шудааст. Ҳамчунин, дар кӯча бӯсобӯсӣ ва нишон додани ягон амали эҳсосӣ низ мамнӯъ аст. Дар АМА аз шахсони воқеӣ андоз ситонида намешавад, барои ҳамин ба ин ҷо шумораи зиёди афроди сарватманд барои кору иқомат меоянд.

Аз гармии зиёди ҳаво дар ин мамлакати арабӣ ҳатто дар истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ кондитсионерҳо насб карда шудаанд. Дар роҳҳои ин кишвар умуман кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ фаъолият намекунанд, тамоми ҳаракати мошинҳо ва рафтуомади одамон тариқи камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Аз соҳибони мошинҳо ҳангоми гузаштан аз муоинаи техникии нақлиёт, барои қоидавайронкуниҳо охири сол ҷарима ситонида мешавад. Агар рафту ба политсия оид ба мушоҳидаи ягон қонуншиканӣ хабари махфӣ расонида шавад, шахси хабаррасон соҳиби мукофотпулии калон мегардад. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, шумораи зиёди ҳиндиҳо, ки дар ин кишвари арабӣ кору зиндагӣ мекунанд, ба ин восита маблағҳои калон ба даст меоранд.

Кӯчаву роҳҳои АМА хеле тозаву озода мебошанд. Тасодуфан агар чизи нодаркориеро на ба  қуттии ахлотпартоӣ, балки дар роҳ партоӣ, ҷаримааш 500 дирҳам аст. Сокинони маҳаллӣ дар ин кишвари арабӣ ҳуқуқи таҳсили ройгон дар дилхоҳ муассисаи таълимии олии ҷаҳонро доранд. Маблағи хароҷоти онҳо аз ҳисоби буҷаи давлаташон пардохт карда мешавад. Ба хотири пешгирӣ кардани ба хориҷа рафтани ҷавонон, бо ташаббуси Ҳукумати АМА дар ин кишвар фаъолияти филиалҳои тамоми мактабҳои олии мамолики пешрафтаи дунё ба роҳ монда шудааст.

Дар АМА ба хотири пешгирӣ аз фаҳшу дигар амалҳои бегонаситезӣ, ки боиси костагии ахлоқ мегарданд, фаъолияти бисёре аз сайтҳои интернетӣ мамнӯъ мебошад. Инчунин, агар ягон вақт шумо азми сафар ба ин кишвари пешрафтаи арабӣ намоеду дар шиносномаатон ягон нишонаи давлати Исроил бошад, пас шуморо ба қаламрави АМА ворид шудан намемонанд. Тамоми пешравии ин давлати соҳили Халиҷи Форсро нафт ташкил медиҳад, вале солҳои охир туризм низ ба буҷаи АМА даромади зиёд меорад.


You have no rights to post comments



Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика