Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азму талошҳои Пешвои миллат дар сохтмони азими НБО «Роғун»

445Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат дар баробари баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ, ин расидан ба истиқлолияти томи энергетикӣ мебошад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самти стратегии давлат корҳои бузургеро ба анҷом расонида, ин раванд то кунун идома дорад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ як қатор нерӯгоҳҳои оби барқӣ аз қабили Сангтуда-1, Сангтуда-2, нерӯгоҳҳои Бадахшон, Тоҷикистон дар ВМКБ, нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар водии Рашт ва дигар минтақаҳои кишвар - ин маҷмӯи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ин самти муҳими стратегии давлат ба ҳисоб мераванд.

Яке аз тадбири дигари бузурги давлат ин сохтмони азими аср НБО-и «Роғун» маҳсуб меёбад. Барои сохтмони ин нерӯгоҳи бузург азму талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Аз рӯзҳои аввали сохтмон он таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллат карор дорад. Сохтмони НБО-и «Роғун» бо баландтарин обанбор дар ҷаҳон 335 метр аз сатҳи баҳр боиси чолишҳои геополитикии минтақа қарор гирифт ва Пешвои миллат дар муқовиматҳои геополитикӣ афзалияти иқтисоди сабз, бехатарии экологии НБО-и «Роғун»-ро ба аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Парлумони Аврупо ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ исбот намуд.
Дипломатияи башардӯстонаи Пешвои миллат боло гирифта, озмоиши нерӯгоҳ аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ бомуваффақият гузаронида шуда, ба сохтмони он аз лиҳози бехатарии экологӣ иҷозат дода шуд. Дар натиҷа консорсиуми байналмилалии НБО-и «Роғун» эълон карда шуда, Ҷамъияти саҳҳомӣ ба баровардани аксияҳои худ шурӯъ намуд. Бо даъвати Пешвои миллат шаҳрвандони ватандӯсти кишвар ба харидории саҳмияҳои НБО-и «Роғун» шурӯъ намуда, Ҳукумати кишвар ба маблағгузории бемайлони он оғоз башида, ба сохтмони умумихалқӣ табдил ёфт. Беш аз 25-ҳазор коргарону муҳандисон ба ин сохтмони бузург фаро гирифта шуданд.
Дирексияи корпоративии НБО-и «Роғун» созмон дода шуда, ба он Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода роҳбарӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан чандин маротиба аз сохтмони НБО-и «Роғун» дидан намуда, ба корҳои муҳандисию технологӣ аз надик шинос шуда, ба коргарону муҳандисон маслиҳатҳои муфид дод. Пешвои миллат рафти сохтмонро зери назорати шахсӣ қарор дод. Бо ҷалби дастгирии молиявии ширкати итолиявӣ «Саллини Импреҷилио» бо маблағгузории умумии наздики 4 миллиард доллари амрикоӣ сохтмони НБО-и «Роғун» босуръат идома ёфт.
Дар лаҳзаи таърихӣ рӯзи 16-ноябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон НБО-и «Роғун» беш аз 9-ҳазор коргарон, меҳмони хориҷӣ, расонаҳои бонуфузи ахбори оммаи давлатҳои ҷаҳон бо як суруру шодии беканор агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба кор даромада, ба хонадони ҳар як сокини кишвар ворид гашт. Имрӯз дар таърихи навини давлати тоҷикон бо хатҳои заррин навишта мешавад.
Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави истиқлолияти энергетикии кишвар расид.
Дар рӯзи кушодашавии агрегати якуми НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро самимона табрик намуда, бо самимияти том иброз намуд, ки агрегати дуюми НБО-и «Роғун» соли 2019 ба кор медарояд.
«Роғун» Кохи нур ва рамзи саодати миллат аст!
Асламов Б.С., узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии матбуот, полковники милитсия,
Қосимов Ф.М., аълочии милитсия, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика