Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳолати муосири қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдои одамон»

225

Рӯзи 23-юми ноябри соли равон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори факултети №6, оид ба тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва роҳбарияти Академия мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳолати муосири қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдои одамон», баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро аз номи роҳбарияти Вазорат ва Академия ба даргоҳи илм, низом ва маърифат, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт. Баъдан дар симои онҳо тамоми иштирокчиёнро ба рӯзи Парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно карда, афзуд, ки Шумо бо иштироки худ, дар баргузории ин мизи мудаввар саҳми арзанда гузошта, бо андеша ва муҳокимарониҳои худ дар ҳалли бисёр масъалаву проблемаҳои ҷойдошта мусоидат мекунед.
Сипас раиси маҷлис суханро ба сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур дод.

226

Мавсуф афзуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тоҷиконро демокративу ҳуқуқбунёд эътироф намудааст, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, ин ҳуқуқу озодиҳоро пайгирона татбиқу таъмин менамоянд ва инҳо дастоварди муҳимтарини даврони истиқлол мебошанд.
Тоҷикистон оид ба таъмини волоияти Конститутсияву қонунҳо, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар шахс ва дар асоси мустақилияту баробарӣ таъмин намудани принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамаи тадбирҳои заруриро тибқи меъёрҳои муосир амалӣ мегардонад.
Зеро меъёри мазкур мазмун ва самти ташаккули давлати демократӣ ва асоси ҳуқуқии таҳким ва пешрафти ҷомеаро муайян менамояд.
Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳо эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучанд тақозо мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо хариду фурӯши одамон ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти хатари ин зуҳуроти нангин ба амнияти миллӣ ҳанӯз соли 2004 Қонун «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»-ро қабул карда, соли 2005 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамонро таъсис додааст.
Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26-уми июли соли 2014, № 1096 муайян менамояд.
Ҷинояти мазкур яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.
Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамонро таъсис медиҳанд.

227

Бояд қайд кард, ки дар кори мизи мудаввар намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, муҳаққиқон, унвонҷӯён ва кормандони амалии шинохтаи мақомоти корҳои дохилӣ ба сухан баромада, нисбати масъалаҳои ҳолати муосири қонунгузорӣ дар самти савдои одамон, ҷанбаҳои мурофиавии ҷиноятии ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои марбут ба савдои одамонро баррасӣ намуданд.
Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадбекзода Моёншо зимни суханронии худ изҳор намуд, ки инсоният дар шароите ба асри XXI ворид гардид, ки дунё ба таҳаввулоти азим дучор шуда, сиёсати ҷаҳонӣ куллан дигаргун гашт, ба миён омадани тақсимоти ҷаҳон дар хатар аст, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра тағйир ёфт ва ба таҳдиду хатарҳои наве рӯбарӯ омад, ки муносибати комилан навро тақозо мекунад.
Вазъияти ҷаҳони имрӯза давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро водор месозад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созанд ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем ва ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти ҳамаи самтҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими иқтидори кадрӣ, таъминоти моддиву техникӣ, дигаргунсозӣ ва такмили сохтори он минбаъд низ тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Бо мақсади пешгирии хариду фурӯши одамон ва мубориза бар зидди он, ки яке аз хатарҳои нави ҷаҳони муосир мебошад, бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон, мақоми махсуси машваративу ҳамоҳангсозӣ - Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шудааст.
Раҳматҷонов Баҳром Негматҷонович – ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баромади худ афзуд, ки пӯшида нест, ки имрӯзҳо минтақаҳои гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва зиддиятҳои байни миллатҳо фаро гирифта истодааст, ки албатта метавонанд дар самти инкишофёбии зуҳуроти ҷинояткории муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва хариду фурӯши одамон берун аз кишвар, алалхусус хариду фурӯши кӯдакон ва занону духтарон заминаҳои бештари бунёдӣ фароҳам созанд.
Ҷумъахонзода Зебо Ҷумъахон – муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Савдои ноболиғон» баромад намуда, қайд кард, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти ҷомеа ва таҳкими оромиву суботи кишвар нақш ва мавқеи хоса дошта, ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини кишварамон вазнин бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.
Зиндагӣ пастию баландӣ ва мушкилиҳо дорад. Вале бо роҳи ҷинояткорӣ ва одамфурӯшӣ, ки шаъну шарафи инсонӣ ва қадри фарзандонро паст мезанад, ба мурод расидан раво нест. Фаромӯш набояд кард, ки барои зан бадбахтии бузургтарин бадномӣ аст.
Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва давраи инқилоби технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем. Имрӯз фарзандони мо ба воситаи технологияи муосир ба таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии тамоми олам, зиндагиву рӯзгори ҳамсолони худ ошно мешаванд
Ин аз як ҷониб хуб аст, зеро мафкураву ҷаҳонбинии фарзандони ноболиғи мо тадриҷан инкишоф меёбад, вале дар айни замон аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва арзишҳои пасти фарҳангии шабакаҳои иттилоотии беруна чашм пӯшидан мумкин нест.
Раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон, махсусан ҷавондухтаронро ҷиҳати омӯхтану донистани забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илми муосир, инчунин шинохтану ошно шуданро бо фарҳанги пешрафтаи халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад.
Ҷавондухтарони мо бояд шахсони босавод, соҳибмаърифат, фарҳангӣ, эҷодкор ва номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд.
Инсоният дар ин марҳилаи хеле ҳассос ва мураккаби таърихӣ нисбат ба тамоми давраҳои дигар ба илму маърифат, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва меҳру рафоқат ниёзи бештар дорад.
Баъдан дар ҷамъомад Ҳусейнзода Сино Ҳотамӣ – иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Тавсифи ҳуқуқии ҷиноятии хариду фурӯши одамон», Воҳидов Акрам - сардори шуъбаи марбут ба ҷиноятҳои муташаккили Раёсати тафтишоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Ҳолати муосири қонунгузорӣ вобаста ба тафтиши ҷиноятҳо дар самти савдои одамон», Бухориев Беҳрӯз – унвонҷӯӣ кафедраи сиёсати ҷиноятии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар мавзӯи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет ҳамчун шакли нави содиршавии савдои одамон», Собирзода Аловуддин Ҷаббор – и.в. сардори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, полковники милитсия, дар мавзӯи «Истисмори меҳнатӣ бо ҷалби ноболиғон (кӯдакон)» ва Абдуллозода Алҷон Разоқ – дотсенти кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6, полковники милитсия, дар мавзӯи «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон» баромад намуданд.
Дар суханони хотимавӣ сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур бори дигар миннатдории худро ба меҳмонон барои иштироки фаъолона дар мизи мудаввар баён намуд.
Файзалӣ ҚОСИМОВ, Бозоралӣ Асламов, Шавкат УБАЙДУЛЛОЕВ, омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика