Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчами давлатӣ - рамзи Истиқлолият ва ифтихори миллӣ

214Инкишоф ва ташаккули ҳар як давлати миллӣ ба рамзҳои давлатии он робитаи ногусастанӣ дорад. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мустаҳкам гардидаанд, ки онҳо боиси ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам ҳамчун рамзи озодию Истиқлол ва саодати миллӣ буд. Дирафши Ковиён нахуст Парчами ориёнтаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медод. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери Парчам бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.
Парчам қаҳрамонони миллӣ чун Спитамену Шерак, Муқаннаъ, Темурмалику Маҳмуди Торобӣ, Восеъ, Айнию Эмомалӣ Раҳмон ва чандин насли дигарро ба воя расонид, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва давлатдорӣ саҳми бузурги худро гузоштаанд.
Соли 1924 Тоҷикистон ҳамчун давлати мухтор соҳиби Парчами нав гардид, вале он аз Истиқлолияти том чандон дарак намедод. Замони Шӯравӣ низ Тоҷикистон Парчами давлатӣ дошт, лекин бо мурури замон бартарият ба Парчами давлатии ИҶШС дода мешуд. Хушбахтона 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолият ба даст овард, вале бо Парчами замони Шӯравӣ муррифӣ мешуд.
Танҳо бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон - чун рамзи давлатдории навини тоҷикон кабул гардид. Сарвари давлат фаъолити давлатдории хешро бо бӯсидан ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ шурӯъ намуд. Боиси ифихор аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона ба сӯи ояндаи нек сарбаландона қадам мегузорад.
Кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» зери парафшонии Парчами давлатӣ ин як нишонаи пешравӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии саросарӣ дар Тоҷикистон - ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ба ҳисоб меравад.
Иди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамкасбони азиз!
Асламов Б.С., Қосимов Ф.М., Сафарова С.Н., омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика