Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастоварди олимони Академияи ВКД дар сатҳи байналмилалӣ

212Дар Академияи идоракунии ВКД Россия дар мувофиқат бо Департаменти хизмати давлатӣ ва кадрҳои ВКД Россия аз 15-уми май то 15-уми октябри соли 2018 озмуни байналмилалии «Китоби илмӣ» баргузор гардид. 

Дар озмуни мазкур 16 муассисаҳои таълимии ВКД Россия, бахши Донишгоҳи прокуратураи Россия дар ш.Иркутск, инчунин, 8 намояндаи Академияҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Беларус дар ш.Могилев иштирок намуданд. Бояд зикр намуд, ки мақсади гузаронидани озмун дар тарғиб намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, инчунин мустаҳкам намудани алоқаҳои эҷодӣ байни коллективҳои муаллифон ва мактабҳои илмии муассисаҳои таълимӣ ва илмии Россия ва кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Комиссияи эксперте, ки ба он олимони барҷастаи муассисаҳои пешқадами илмӣ ва таълимии ВКД Россия, аз он ҷумла, Академияи идоракунии ВКД Россия, Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я.Кикоти ш.Москва, Институти илмӣ-таҳқиқотии умумироссиягии ВКД Россия, Институти умумияроссиягии такимили ихтисоси кормандони ВКД Россия дохил шуданд, дар панҷ номгӯи озмун ғолибонро муайян намуданд.
Дар номинатсияи «Масоили мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва криминалистика» тахқиқоти монографии ҳайати омӯзгорону профессорони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Тоҷикистон ва Донишгоҳи прокуратураи Россия дар ш.Иркутск дар мавзӯи «Кирдори ҷиноятӣ дар низоми тамоюлҳои муосири сиёсати ҷиноятӣ» («Уголовный проступок в контексте современных тенденций уголовной политики») ҷойи дувумро ишғол намуда, бо супоридани дипломи дараҷаи II сазовор дониста шудаанд.
Ҳайати шахсии Академияи ВКД муаллифони ғолибро бо самимияти саршор таҳният гуфта, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдашон комёбиҳои беназирро таманно доранд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика