Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зулм бар зан ва ё чаро ҳанӯз ҳам андешаҳои иртиҷоӣ нисбаташ роиҷ аст

1046

Масъалаи беадолатӣ нисбати зан ва поймол кардани ҳуқуқи ӯ ҳанӯз аз давраҳои пеш вуҷуд дошт. Барои ин нобаробарии ҷамъиятӣ баҳсу мунозираи зиёд дар байни уламои дин ва дунявӣ мавриди муҳокима қарор дорад. Перомуни мушкилоти ҳуқуқи зан дар ҷомеа андешаҳои гуногун гуфта шудаву матлабҳои мухталифе нашр гардидаанд. Вале мутаассифона, гарчанде ин андеша мавриди пайгирии аҳли қалам гашта бошад ҳам, ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Дуруст аст, ки ҳар як мушкили ҷойдошта наметавонад дар муддати кутоҳе ҳаллу фасл шавад, вале бояд аз мадди назарҳо низ дур нагардад ва ҳамеша дар маркази диққат ва таҳлилу баррасии ҳамагон қарор дошта бошад.

Пӯшида нест, ки имрӯзҳо мақому манзалати зани тоҷик аз тарафи давлату ҳукумати кишвар боло бардошта шудааст. Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати занон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳар як паёму баромадҳояшон мавқеи зани тоҷикро ба тадриҷ ёдрас мекунад. Инчунин қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи занон, ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии он», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 амалӣ гардидаанд. Инчунин, ташкилотҳои ҷамъиятии занон дар асоси барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2001-2010», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» фаъолият мебаранд. Бояд гуфт, ки аз соли 1981 инҷониб аз 25 ноябр то 10 декабр кулли ҷомеаи ҷаҳон маъракаи иттилоотии «16 рӯз алайҳи хушунат»-ро таҷлил менамоянд, ки он мутобиқи Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон мебошад. Аммо, мутаассифона, ҳанӯз ҳам гӯё ин аснод аз мадди назари бештари мардҳо дур мондааст ва ё худашонро нисбати онҳо бепарво мегиранду намехоҳанд шоҳиди озодии занон бошанд. Фарогири таҳсил шудан низ яке аз муҳимтарин бахши ҳаёти рӯзмарраи инсонҳои рӯи олам аст. Баланд шудани маънавиёт ва ё муассил будан танҳо маънои муздурӣ ва ё воситаи ба даст овардани пул ва ё молро надорад. Он метавонад як роҳи бехатари наҷот аз мушкилоти нофаҳмиҳои ҳаёти имрӯз, ки мардуми зиёд ба он рӯ ба рӯ ҳастанд, бошад. Бинобар ин донишомӯзӣ натанҳо барои мардон зарур аст, балки бонувон низ ба он муҳтоҷи зиёде доранд. Ин яке аз паҳлуҳои муҳимтарини ҳуқуқ ва озодии бонувон аст, ки бештари онҳо аз даст надоштан ба он мушкилӣ мекашанд.
Чандест оиди ҳамин гуна мушкилот андеша мекардам.
Не, чизе наменависам, дар ҳоле ки андешаҳо дар мавридаш гуфта шудаанд ва нафарони каме аз шунидан ё хонданаш мутаассир мегарданд. Вале масъала ҳамоно зеҳни маро банд кардаву ҳар рӯз водорам месохт то онро рӯи коғаз биёрам. Банда ҳамчун зан нисбати он бетараф буда наметавонистам. Қабл аз навиштани мавзӯъ фикр мекардам, ки ҳанӯз мушоҳидаҳои ман хому носуфтаанд ва ё ин ҳодисаҳо дар ҷомеаи мо аллакай аҳёнан ба назар мерасанду кирои навиштан ҳам нест. Бо ҳамин шубҳа хомаро як тараф мегузоштаму аз паи маълумоти бештару мукаммалтаре мешудам, то тавонам сатрҳои зиндаеро рӯи коғаз биёрам.
Инак…
Ҳар бегоҳ, ҳангоме ки аз коргоҳ ҷониби хона раҳсипор мешавам, чанд нафар духтаронро дар сари раҳ саргарми фурӯхтани ҷуворимакка ё ягон майда - чӯйдаи дигар мебинам. Ин саҳнаи муассир бештар дар ҷойҳое ба назар мерасад, ки гаштугузори одамон зиёд буд. Бештари ин нафарон ҷавонзанони аз 23 то 35-сола ҳастанд. Мутаассифона, баъзеи онҳо ба шавҳар баромадаву кайҳо заҳри ҷудоиро чашидаанд, яъне ба истилоҳи дағали мардумӣ аз духтари хона кайҳо ба «бевазан» табдил ёфтаанд. Ман ҳар боре аз онҳо чизе мехаридам, ҳангоми суҳбат аз ҳаёти талхи худ нақл мекарданд. Ин бонувони бахтбаргашта теъдоди кӯчаке аз он артиши бузурги заноне ҳастанд, ки дар синни ҷавонӣ ва айёми ширинии оиладорӣ аз шавҳарашон ҷудо шудаанд.
Чаро волидон аз донишомӯзии духтарон ор мекунанд?
Дар назди бозори «Саховат» бонуе дар хунукии тирамоҳ истода бо овози баланд:
- Ҷувории гарм, ҷувории қандак - гуфта раҳгузаронро ба харидани он даъват мекард. Банда, низ бо мақсади харидани ҷуворимакка ба пешаш рафтам. Аз ин пештар ҳам аз ӯ чанд маротиба ҷуворимакка харида будам. Он кас бо як дидан маро шинохт ва: - Биёед, апаҷон, - гуфта хурсандона даҳани буғчаро, ки дар он ҷуворимаккаашро печонда буд, кушод.
Ман ба тарафи духтарак:
- Зеҳни хубе доред. Дар байни ин қадар муштариёни зиёди худ маро зуд шинохтед-ку,-гуфта илова кардам:
-Шуғли дигаре ҳам доред ё шояд дар ягон ҷо таҳсил мекунед?
Ӯ бо ҳасрат ба тарафи ман нигоҳ карда:
- Шумо хондагӣ- ҳа, апаҷон,- гуфт ва шурӯъ кард:
- Ман низ орзуи хонданро доштам, вале волидайнам садди роҳам шуданд. Падарам мегуфт, ки «Духтари хондагӣ ҳаммаслаки шайтон мешавад ва дигар ҳеҷ чиз ӯро аз роҳи бад нигоҳ дошта наметавонад». Бинобар ин, мактаби миёнаро низ базӯр хатм кардаму баъди ду моҳ маро ба шавҳар доданд. Ӯ лаҳзае сукут кард. Дидам, ки чашмонаш пури ашк шуданд. Ман, ки чандест аз паи далел барои мавод будам, хостам бо гуфтаҳои ин қаҳрамон қиссаи талхи зиндагии бонувони аз зиндагӣ дилшикастаро оғоз кунам.
Дарҳол аз ӯ - Баъд чӣ шуд? - гуфта суол кардам.
- Баъдан пас аз 5-6 моҳи хонадорӣ аз шавҳарам ҷудо шудам…
-Бо кадом сабаб?
- Ба шавҳарам писанд наомадам.
Муддати ин моҳҳо фақат мегуфт, ки «ту ҳанӯз ба зиндагӣ омода нестӣ». Хонанда маро маъзур дорад, вале манзур аз зиндагӣ карда натавонистани ин духтарак надонистани муносибати заношӯӣ будааст. Аммо, агар ин зан баръакси он мебуд, чӣ мешуд? Агар муносибати мазкурро бо тамоми ҷузъиёташ медонист, дар он маврид чӣ? Он вақт аниқ ба норозигии аз ин ҳам зиёдтари шавҳар рӯ ба рӯ мегардид, яъне «хеле таҷрибадор ҳастӣ!».
- Оилаи шавҳарат ба ҷудо шудани шумо розӣ буданд?
- Падарарӯсам ҳарфе намезад, вале хушдоманам - «Бо ин хел духтари бефаҳму бефаросат бачаи бечораи ман як умр бадбахт шуда мегардад, -гуфта ҷавоби маро доданд.
- Ҳоло дар хонаи падару модарат зиндагӣ дорӣ?
- Не, барои ман дар он хона дигар ҷой нест. Бародаронам оиладор шуданд. Янгаҳоям, ҳато агар хабаргирии модарам раваму як ду рӯз дар пешаш истам, абрӯ гиронда ғур-ғур карда мегарданд. Маҷбур мешавам, ки аз он ҷо баромада боз ба «оворагӣ» идома диҳам. Яъне, ман ду моҳ дар хонаи холаам, баъдан аммаам ва ҳамин хел дар хонаи хешовандоне, ки фарзандҳояшон дар Русия ҳастанд, рӯз мегузаронам. Ба хотири он ки дар хонаи онҳо низ «ангушти зиёдатӣ» набошаму аз ман зуд дилгир нашаванд, ҷуворимакка ва ин хел чизҳои майда-чӯйда фурӯхта, қути лоямути худро бо ҳамин роҳ пайдо мекунам.
Чунин гирудорҳои зиндагиро модаркалонам «қисса» гуфта, дар кӯдакиям нақл мекард. Вале, афсӯс ин қиссаҳои талх ҳанӯз ҳам дар ҷомеаи мо ҷой дорад…
Бечора духтар дар синни ҷавонӣ, ки ҳанӯз «аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааст», қаҳрамони чунин «қиссаҳои талх» мешавад. Наход, падар шавқи хонданро дар дили духтар бикушад ва боиси бадбахтии ҷигарбанди худ гардад.
Қаҳрамоне, ки тақдираш дар боло зикр гардид, тимсоли баъзе духтаронест, ки банда бо онҳо ҳамсуҳбат шудам. Бештари онҳо дар синни ҷавонӣ хонавайрон шудаву дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаанд. Болои ҳамаи ин хату саводи кофӣ ҳам надоранд, ки ба шуғле даст зананд ва бори зиндагиро бикашанд. Аз онҳо суол кардам, ки чаро дар ягон ҷо таҳсил накарданд ва ё ҳунаре наомӯхтанд? Ҷавоб ҳамоно як чиз - «Падар ё бародарам розӣ нашуд». Вале аламовараш он аст, ки агар чунин духтарон дар зиндагӣ аз бахт ноком шаванд, на падар ба додаш мерасаду на бародар. Бародарон аз паи зиндагии хеш мешаванду падарон «пирӣ»-гуфта нотавон мемонад. Агар духтарон ё хоҳарони онҳо таҳсил мекарданд ё ҳунаре меомӯхтанд, шояд дигар ниёз ба такягоҳе намешуд…
Ин ҳама дар ҳолест, ки баъзе аз мардони хона ҳанӯз ҳам дар зери таъсири фарҳанги арабҳо (давраи ҷоҳилият) бо мақоли «Занро зан, намурд бо табар зан» фарзандон, яъне писарони худро тарбия мекунанд. Бешубҳа, волидайн, алалхусус падарон бо чунин рафтору гуфтори худ нисбати зан ба фарзандонашон роҳи зӯровариро нишон медиҳанд. Ҳатто ҳолатҳое шудаанд, ки баъзе падару модарон ва хешовандон аз ҳоли фарзандони оиладоршудаашон хабар надоранд ва ё дошта бошанд ҳам, худро дур мекашанд, танҳо ба хотири он ки духтар ба хонаи падару модар барнагардаду оила мояи баҳсу мунозира ва ё тамасхӯри мулоҳизаҳои ҳамсоя ва ёру дӯстон нашавад.
Корҳои фаҳмондадиҳиро бояд афзунтар кард
Ҳамин тавр ин омил яке аз масоили мубрами ҷомеаи имрӯзи мо аст ва набояд онро нодида гирем. Агар ҳанӯз ҳамчунин фикрҳои носолими худро ба гӯшаи фаромӯшӣ нагузорем, бо умеди расидан ба пешравии босуръати ҷомеа шудан дар гумон аст. Зеро чунин андешаҳо аз зумраи андешаҳое ҳастанд, ки зеҳнро тахриб месозанд ва боиси коста шудани пешравиҳо мегарданд.
Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар чӣ бештар ин масъаларо зери назорат гирад. Баъзе нафарони дар шаҳр буда, шояд ин омилро он қадар ҷиддӣ наҳисобанд, зеро дар шаҳр дидани тамоми намуди одамон имкон дорад, вале банда ба кадом минтақаи ватан, ки нарафтам (ҷуз Бадахшон) масъалаи бесавод мондани духтарон дар ҷой аввал меистад. Онҳо ба хотири тарс аз оила, ҳамсоя, хешу табор, зеҳни хубе дошта бошанд ҳам, аз таҳсил кардан канорагирӣ мекунанд. Бештари волидайн духтарҳояшонро «манқурт» кардаанд ва дар тасаввуроташон (подсознание) танҳо фикри «шавҳар кардан» ҷойгир шудаасту бас. Чӣ қудрате, дар замирашон нуҳуфта аст, аз он дараке ҳам надоранд. Ба қавле «Ҳар беша гумон мабар, ки холист..» шояд дар байни онҳо Индира Гандӣ, Розия Озод, Коко Шанел, Корасон Акино, Фурӯғи Фаррухзод ва ё Беназир Бҳуттои дигар ниҳон аст, ки муҳтоҷ ба ошкоршавӣ доранд. Бинобар ин, хуб мешуд, агар Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар тамоми минтақаҳои кишвар афзун кунад. То духтарон, занон аз ин вартаи «бехудӣ» каме ҳам бошад, озод шаванд ва бидонанд, ки онҳо ҳам аз дигар занҳои озоди кишварҳои гуногуни дунё камӣ надоранд. Ҳароина ин мушкилест ҳанӯз ҳам пайгириҳои зиёдеро талаб мекунад. Мо гуфтанӣ нестем, ки тамоми ҷавондухтарони тоҷик бояд олима шаванд, вале агар соҳиби касбу кор ва ё маълумоте бошанд, ба манфиати кор хоҳад буд.
Гулҳаёи Мадимар




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика