Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даври дуюми музокироти Тоҷикистону Россия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират

43528 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе даври дуюми музокироти Тоҷикистону Россия оид ба баррасии маҷмуи масъалаҳои муҳоҷират таҳти раисии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович, бо иштироки вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва дигар шахсони расмӣ баргузор гардид.

436

Дар ҷараёни даври дуюми музокирот масъалаҳои вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти муваққатии меҳнатиро анҷом медиҳанд, сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирон барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия, густариши ҳамкориҳо оид ба рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
437Ҳамзамон лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019 муҳоқима гардида, иштирокчиён ҷиҳати мукаммал намудани лоиҳаи мазкур як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
438Зимни музокирот иштирокчиён оид ба масъалаҳои тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳиза ва фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Музокирот дар фазои гарму дӯстона баргузор шуд.

439

440




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика