Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе

431

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи сифатан нав ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия, 28 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва дигар шахсони расмӣ маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.432

Бояд зикр намуд, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи мулоқоту музокироти пай дар пайи роҳбариятҳои олии ҳар ду кишвар баҳри дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия, бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардиданд.
433Ҳадафи асосии таъсиси намояндагии мазкур анҷом додани як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандон имкон доранд, ки дар дохили ҷумҳурӣ аз бақайдгирии изи ангушт ва санҷиши манъи вуруд ба ҳудуди Федератсияи Россия гузаранд. Ин расмиёт барои омодагии минбаъда ҷиҳати сафарбаркунии муташаккилонаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ мусоидат менамояд.434
Дар маросими ифтитоҳи Намояндагии хадамоти шиносномавӣ-раводидии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе қайд гардид, ки Федератсияи Россия шарики стратегии Тоҷикистон буда, робитаҳои дӯстии ин ду кишвар таърихи тулонӣ дошта, барои ҳарду ҷониб манфиатовар мебошанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика