Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон

42323 майи соли 2024 дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Эйвазов Вилаят Сулейман Оғлу баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва муҳоҷирати меҳнатӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ба манфиати кор буда, баҳри густариш ёфтани муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мушатарак имконияти бештаре фароҳам хоҳанд овард.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ карданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика