Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё»

406

10 майи соли 2024 бо ташаббус ва ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 – ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё» дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

407Ба кори конференсия бо сухани ифтитоҳӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ализода Зариф - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Бодров Николай Филиппович - Президенти ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи экспертизаҳои судии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносӣ ба номи О.Е. Кутафини шаҳри Москва ҳусни оғоз бахшиданд.
408Дар ҷараёни конференсия олимону коршиносони дохилу хориҷи кишвар ба таври мустақим ва маҷозӣ иштирок намуда, оид ба роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм баромад карда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.
410Бояд қайд кард, ки ҳайати меҳмонону иштирокчиёни конференсия дар саҳни Академияи ВКД аз дастовардҳои илмиву варзишии Академияи мазкур шиносоӣ пайдо намуда, синфхонаҳои таълимӣ ва машқ бо силоҳ аз ҷониби курсантдухтарони ин муассисаи олии таълимиро тамошо намуданд.
Гул Маҳбуба

411

412




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика