Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия

402

23 апрели соли 2024 дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия, вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия ҷаноби Маттео Пянтедози баргузор гардид.403

Дар рафти вохӯрӣ масъалаи муҳим ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта баррасӣ гардид.
Инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид.
Доир ба ҳолати кунунии дурнамои вазъи минтақа, ҷаҳон ва дигар масоили мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд. Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат намояд.
Мавриди қайд аст, ки баъди ба имзо расидани шартномаи байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Италия дар соҳаи амният сафари Вазири корҳои дохилии Италия ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, механизми дар амал татбиқ намудани ин шартнома баррасӣ карда мешавад.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика