Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт

37916 апрели соли 2024 дар робита ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абураҳмон Аламшо дар бинои Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон ва фаъолони ҷомеа вохӯрии судманд доир намуд.380

Зимни вохӯрӣ оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, оид ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он таъкид гардид.381




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика