Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин

366

5-уми апрели соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор гардид.

367Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохун оғоз намуда, аз ҳамкориҳои судманди дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба ошкору пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, пешгирӣ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани таҷҳизоти муосир ва тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои зичи мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишвар табодули афкор намуданд.
368Дар хотимаи ҷаласа вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Ёддошти ҳусни тафоҳуми мазкур ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамояд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия

369

370




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика