Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъйиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ

3282-юми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат ба вазифаҳои зерин таъин гардиданд.
Аз он ҷумла:
- полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Шафизода Рустам Исмоил ба вазифаи сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
- генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир ба вазифаи сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- генерал-майори милитсия Раҳмонзода Сайнахш Ҳаким ба вазифаи сардори Муассисаи нақлиётии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ба вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Маҳмадҷонзода Саидаҳмад Одинамаҳмад ба вазифаи сардори Раёсати таҳқиқи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Мирализода Абдуҷаббор Азизулло ба вазифаи сардори Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Қаҳҳорӣ Ҳабиб Абдураҳим ба вазифаи сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Мирзозода Ҷомӣ Ҷамахон ба вазифаи сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- подполковники хизмати дохилӣ Раҳимзода Давлатбӣ Алам ба вазифаи сардори Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам ба вазифаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- полковники милитсия Холиқзода Баҳодур Одинахуҷа ба вазифаи муовини сардори раёсат, ӯ низ сардори Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб;
- полковники милитсия Муҳидинзода Даврон Ҳакимҷон ба вазифаи муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Бурҳониён Олимҷон Палвон ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Ҳайдарзода Шералӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Назарзода Манучеҳр Исломиддин ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон;
- полковники милитсия Саидзода Зафар Саид ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Иброҳимзода Камолиддин Абдулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон;
- майори милитсия Юсуфзода Абдусаттор Ғайратшоҳ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон;
- подполковники милитсия Шодизода Ҷамшед Шодӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ;
- подполковники милитсия Абдуллоев Сулаймон Қурбонович ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони ВМКБ;
- подполковники милитсия Каримӣ Раҳматуллои Расулзода ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати ВКД дар нақлиёт;
- подполковники милитсия Қаландарзода Алиҷон Қурбонбой ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт;
- майори милитсия Самадзода Раҷабалӣ Файзалӣ ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд;
- подполковники милитсия Бурҳонзода Зокир Бурҳон ба вазифаи сардори Шуъбаи №2 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ.
Бо натиҷагирӣ аз ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вазифаи ҳар корманди Вазорати корҳои дохилӣ- ин пеш аз ҳама, таъмини волоияти қонун, сулҳу суботи комил, амнияти давлат, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳама гуна қонунвайронкунӣ, мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, хариду фурӯши ғайриқонунии замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои халалдоркунандаи оромиву субот дар мамлакат ва донистани ду забони хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд пайваста бо мардум ҳамкорӣ намуда, баҳри рафъи мушкилоту қонунвайронкуниҳои самтҳои гуфташуда мубориза баранд, арзу шикояти мардумро баррасӣ намоянд, барои сари вақт ошкор намудани ҷиноят ва пешгирии он тамоми шароиту имконияти мавҷуда ва донишу маҳорати касбиашонро истифода бурда, волоияти қонунро таъмин намоянд.
«Содиқона ва поквиҷдонона ба халқу Ватани худ хизмат намоед!», — таъкид намуданд Президенти мамлакат дар интиҳои суҳбат.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика