Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии РВКД дар шаҳри Душанбе

3239-уми январи соли 2024 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти оперативӣ-хизматии раёсати мазкур дар давоми соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.324

Дар ҷаласа масъалаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар давоми сипаригардидаи соли 2023 ва фаъолияти шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
325Дар оғози ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ оид ба иҷрои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, таъкид кард, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо пурзӯр карда шавад.326
Мавсуф доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар ин самт бояд чораҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ дар байни ҷавонону ноболиғон тақвият бахшида шавад.
Дар ҷараёни ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ камбудию норасоиҳо дар фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳу нақлиёт, танбашавӣ ва пешгирии қоидавайронкуниҳо як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика