Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён

3097-уми декабри соли 2023 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.

Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Алиризо Ҳақиқиёнро хайрамакдам гуфта, мавсуфро барои таъйин шудан ба ин маснади масъулиятноки дипломатӣ табрику муборакбод кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати Кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ изҳори умедворӣ карда шуд, ки дурнамои неки муносибатҳо миёни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам қавӣ гардида, ҳамкориҳо дар самтҳои тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими амният минбаъд низ густариш хоҳанд ёфт.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика