Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласа ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон

80

- Мо набояд нисбати тақдиру ояндаи давлату миллат бепарвоӣ ва фориғболӣ зоҳир намоем, балки завқу шавқ ва садоқати шаҳрвандии насли наврасро ба идомаи таҳсилоти босифат ва ҳаёти солим ҷалб созем. Бояд дар якҷоягӣ кор карда, вазифа ва масъулияти хешро дар назди аҳли ҷомеа дуруст иҷро карда, баҳри ҳаёти наврасон хунукназарӣ зоҳир нанамоем, - иброз дошт муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо зимни ҷаласаи аъзои Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, таҳти №431 Дар бораи «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024», ки рӯзи 5-уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи ВКД доир гардид. Дар он муовинон ва кормандони масъули вазорату кумитаҳо ва идораву сохторҳои гуногуни давлатӣ ширкат варзиданд.81
Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, сохторҳои махсус таъсис дода шуданд. Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» пешниҳод гардида, он аз 2 январи соли 2020 таҳти №168 қабул гардид. Тибқи ин қонун, мақомоти низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор, ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордоштаро ҳимоя менамояд.
82Ғайр аз ин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2020 таҳти №459 «Дар бораи Тартиби ворид намудан ва муҳлати нигоҳдошт дар қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон» барои муваққатан нигоҳ доштани ноболиғон, пеш аз ҳама ба оила, муассисаҳои ноболиғон ё муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ баргардонидани ноболиғон ва наврасони аз синни 3 то 18, ки ба кумаки давлат ва ҷомеа ниёз доранд ва ноболиғоне, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир намудаанд, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Вазорати корҳои дохилӣ ҳамчун ҳамоҳангсози «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» маҳсуб ёфта, дар назди ВКД гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамин тариқ, ВКД ҷиҳати иҷрои ин барнома корҳои муайяне анҷом дода, ҳамзамон иҷрои онро зери назорати доимӣ қарор додааст.
Дар муҳокимаҳо ва баррасии масъалаи мазкур муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, муовини Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргул Бухориева ва муовини сардори раёсати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Султонзода фаъолона иштирок намуданд.
Наврӯз Ҷобиров,
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика