Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия

3065-уми декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ин раёсат бо иштироки роҳбарият, собиқадорон ва ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсус ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.308

Нахуст, таҳти садои оркестр Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зинда сароида шуда, ба хотири руҳи он шаҳидоне, ки баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот ҷони азизи худро аз даст додаанд, дақиқаи хомӯшӣ эълон гардид.
307Сипас, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо аз техникаву аслиҳаи навтарин, маҳорати тирандозӣ ва истифодаи сагҳои хизматӣ ҳангоми безараргардонии таҷҳизоти тарканда шинос гардида, иброз дошт, ки имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД Рӯзи таъсисёбии ин ниҳодро ботантана қайд менамоянд.
Дар ҷараёни чорабинӣ Аламшозода А.А. ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияро бахшида ба рӯзи таъсисёбӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатӣ ва барору муваффақиятҳо таманно кард.
Тибқи Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои софдилонаву содиқона, зоҳир намудани маҳорату малакаи баланди касбӣ зимни таъмин намудани муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун, тарбияи кадрҳои ҷавон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ, хизмат дар шароити душвори кӯҳсор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва интизоми намунавӣ, як қатор кормандони ин ниҳод бо медалу нишонҳои сарисинагии «Барои хизматҳои шоён», «Милитсияи Тоҷикистон», «Барои иштирок дар амалиётҳои махсус», Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.
Наврӯз Ҷобиров,
Тоҷиддин Латипов




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика