Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат

263

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати Корҳои Дохилӣ дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.264

Иттилоъ дода шуд, ки Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.
265Аз рӯйи лоиҳа бино бояд бо таҳхона ва се ошёна бунёд шуда, дар он сохтмони 13 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, 3 хазина, суратгирхона, толори имтиҳони ронандагон, ҳуҷраи духтур, бойгонӣ, қабулгоҳ, толори хурокхӯрӣ, нуқтаи гармидиҳӣ бо ангишт, таваққуфгоҳ барои мошинҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар назар аст.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика