Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзишгарони муваффақ қадрдонӣ гардиданд

252

18-уми октябри соли 2023, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бо як зумра варзишгарони муваффақ, аъзоёни Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.253

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ варзишгаронро барои ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва дар сатҳи баланд нишон додани маҳорату малакаи касбӣ дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Ханчжоуи Чин таҳният гуфта, онҳоро бо мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонид.
254Изҳори умедворӣ карда шуд, ки варзишгарони мазкур дар мусобиқаҳои минбаъда лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори Ватани хеш мегарданд.
Гул Маҳбуба

255

256

 


 





Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика