Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили Рӯзи касбии кормандони оперативӣ дар ВКД

241

5-уми октябри соли 2023, дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи кормандони оперативӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият, кормандони сохторҳои оперативӣ, меҳмонон ва собиқадорони соҳа доир гардид.245

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёни ҷамъомади тантанавиро бахшида ба ин санаҳои хотирмон табрику таҳният намуда, дар кори масъулиятноку бошараф ва заҳматталабу боифтихорашон барору комёбӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуд.
248Мавсуф аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши боризи ӯ дар барқарорсозии сулҳу субот, тинҷию оромӣ, пешравию тараққиёт ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муфассал ёдовар гардид.242
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ аз нақши калидии фаъолияти воҳидҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ошкорнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, таъмини тартибот ва амнияти ҷомеа таъкид намуда, қайд кард, ки маҳз саҳми арзандаи кормандони оперативӣ ҳаст, ки ҷиноятҳои содиргардида ошкор ва нафарони ҷиноят содир намуда дастгир гардида, адолати иҷтимоиву ҳуқуқӣ дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
244Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа, сардори кафедраи забонҳои Академияи ВКД полковники милитсия Давлатшозода Азиза ва муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ баромад намуда, изҳор доштанд, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб ёфта, Истиқлоли давлатӣ ба баланд бардоштани ҳисси муҳаббату эҳтиром нисбат ба забон, омӯзишу аз худ намудани забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, инчунин боло бурдани сатҳи худогоҳии маърифатию маънавӣ ва мафкуравии ҷомеа мусоидат намуд.247
Сипас, бо Фармоиши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолибони озмуни «Корманди беҳтарини оперативӣ», ки миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида буд, бо нишони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Корманди беҳтарини оперативӣ», медалҳои «Далерӣ», «Садоқат» ва «Барои хизматҳои шоён» сарфароз гардонида шуданд.
246Дар қисмати дигари чорабинӣ як қатор собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини тартибот, амнияту осоиштагӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол саҳми босазо гузоштаанд, бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика