Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ дар РВКД вилояти Хатлон

237

5-уми октябри соли 2023, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуда, ба бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони милитсия дар шаҳри Бохтар санги асос гузошт.238

Ҳамчунин дар шаҳри Левакант дар расми оғози корҳои сохтмонии бинои баландошёна барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуда, барои сари вақт ва дар муҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
239Ҳамзамон Вазири корҳои дохилӣ аз қисми низомии 3503 Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дидан намуда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон, аз он ҷумла, аз хобгоҳ (казарма), ошхона, ҳаммом ва дигар корҳои ободонию созандагӣ аз наздик шиносоӣ пайдо кард.240
Мавсуф доир ба тарбияи сарбозон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ёдовар гардида, таъкид дошт, ки сарбозон бояд ба тарбияи ҷисмонӣ ва обутоби бадан диққати махсус дода, пайваста ба машқу тамрин машғул шаванд ва касбу ҳунар омӯзанд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика