19-уми сентябри соли 2023, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Сяохун баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти терроризм, экстремизм, бозомӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар масъалаҳои корӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, Вазири корҳои дохилӣ ба Ван Сяохун барои кӯмаки саривақтӣ дар давраи пандемияи коронавирус ва расонидани кумакҳои моддию техникӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ миннатдории худро изҳор намуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>