Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Вазири корҳои дохилӣ дар Форуми "Ҷаҳони ягона, амнияти умумӣ" дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

233

19-уми сентябри соли 2023, Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар кори форуми "Ҷаҳони ягона, амнияти умумӣ" дар шаҳри Лянюгани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок варзида, вобаста ба масъалаи рӯзмарра баромад намуд.

230

Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ нахуст ба Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Сяохун барои дар сатҳи баланд ташкил намудани Форуми мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз дар ин кори Форум мо масъалаҳои муҳими соҳаи амният ва хатару таҳдидҳои байналмилалиро муҳокима намуда, самтҳои нави рушди ҳамкориҳои ояндаро муайян менамоем.
232Мо барои рушди ҷаҳонии ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба саъю кӯшиш менамоем ва чунин саъю кӯшишро дӯстони чинии мо низ ҳамаҷониба нишон дода истодаанд.
Алоқа ва ҳамкориҳои Вазоратҳои мо сатҳи нав касб намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Дар ҷараёни Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрам баррасӣ гардиданд.
Айни замон сафари Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика