Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ

336

9-уми сентябри соли 2023, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки ҷиҳати иштирок дар ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, вохӯрӣ доир намуд.337

Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбати озоду самимӣ Аламшозода Абдураҳмон меҳмононро бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.
338Дар навбати худ меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии таърихӣ ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушду тараққиёти ватани азизон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барои ҳамкорӣ", Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика